Раҳмон гуфтугӯи Путин ва Трампро дар Аляска "муҳим" хондааст

Доналд Трамп (рост) ва Владимир Путин (чап). Аляска, 15-уми августи 2025

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш “аз раванди мусолиматомези ҳалли буҳрони Украина ҷонибдорӣ мекунад”.

Изҳори назари Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми август дар ҷараёни суҳбати телефониаш бо Владимир Путин, президенти Русия, садо додааст.

Ба навиштаи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Раҳмон гуфтугӯи ахири роҳбарони Амрико ва Русияро дар Аляска “барои коҳиши сатҳи ташаннуҷ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ дар арсаи байнулмилалӣ” муҳим хондааст.

Президенти Русия пеш аз гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, бо роҳбарони Беларус, Африқои Ҷанубӣ ва сарварони чанд кишвари дигар занг зада, натиҷаҳои музокиротро дар Аляска бо онҳо дар миён гузоштааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва ҳамтои русаш Владимир Путин 15-уми август дар Аляска вохӯрданд ва дар бораи роҳҳои хатми ҷанг дар Украина гап заданд. Аммо дар ин нишаст тавофуқ дар мавриди Украина ҳосил нашуд.