Исроил сокинони Ғаззаро ба ҷануби ин борика мекӯчонад

Биноҳои вайроншуда дар Ғазза

Исроил ба фаластиниёни сокини Ғазза дастур додааст, ки ба ҷануби ин борика кӯч банданд. Ин тасмим рӯзи шанбеи 16-уми август ва пас он эълон шуд, ки Исроил аз густариши амалиёти низомӣ дар Ғазза хабар дод.

Ба гузориши артиши Исроил, кӯчондани хаймаҳои сокинон ба ҷануби Ғазза аз рӯзи якшанбеи 17-уми август оғоз мешавад.

Ҷузъиёти бештаре аз ин тарҳ ва амалиёти Исроил мушаххас нест. Исроил Катс, вазири дифои Исроил гуфт, кишвараш "дар ҳоли ниҳоӣ кардани тарҳи шикасти "Ҳамос" дар Ғазза аст."

"Ҳамос", ки аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ба унвони гуруҳи террористӣ шинохта мешавад, наздик ба ду сол аст, ки дар Ғазза бо артиши Исроил даргир аст. Бо вуҷуди мухолифати Созмони милал ва бисёр кишварҳо ба густариши амалиёти Исроил ҳукумати ин кишвар тарҳи тасарруфи пурраи Навори Ғаззаро тасвиб кардааст.