Умедҷон Солиев, яке аз гумонбарон дар парвандаи ҳамла ба "Крокус" қаблан дар Тоҷикистон ғоратгарӣ карда ва барои ҳамин дар Русия пинҳон шуда буд. Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС бо такя ба маводҳои парванда хабар додааст.
Дар ҳоле, ки назари наздикони Умедҷон Солиев ба қазия маълум нест, ТАСС навиштааст ин ҷавон ҳанӯз соли 2023 дар Тоҷикистон даст ба ғоратгарӣ зада, баъдан ба Русия фирор кардааст. Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи парванда нисбати Солиев чизе нагуфтаанд.
Умедҷон Солиев ҳамроҳ бо чор нафари дигар охири моҳи марти соли 2024 дар Ҷумҳурии Доғистони Русия боздошт шуданд. Мақомоти Русия ин афродро муттаҳам карданд, ки ба ҳамлагарон ба толори “Крокус” яроқ додаанд. Назари вакили дифои ин афрод ё наздиконаш ба иттиҳом маълум нашуд.
Аз 19 нафаре, ки дар доираи парвандаи ҳамла ба "Крокус" боздошт шудаанд, аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Мурофиаи ин афрод рӯзи 4-уми август дар яке аз додгоҳҳои шаҳри Маскав оғоз шуд. Дар ин миён даъватҳое садо дод, ки намояндагони Тоҷикистон бояд аз шаҳрвандони худ ҳимоят кунанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, намояндагони кишвар дар мурофиаи гумонбарони ҳамла ба "Крокус" ширкат надоранд.