Дар чанд ҷумла
АП: Дар Ҳисор марди гумонбар дар таҷовуз ба номуси духтари 12-сола боздошт шуд

Оҷонсии “Азия-Плюс” хабар дод, ки додситонии шаҳри Ҳисор марди 42-соларо бо иттиҳоми дастдарозӣ ба номуси ноболиғи 12-сола боздошт кард. Бо ин ки ҳодиса соли гузашта рух додааст, боздошти гумонбар дар дастдарозӣ ба номуси духтари хурдсол танҳо соли ҷорӣ ва зоҳиран баъди расонаӣ шудани он аз ҷониби Ҳизби сотсиал-демократӣ хабар дода шуд.
“Азия-Плюс” бо такя ба муовини раиси ҲСДТ Маҳмурод Одинаев рӯзи 2 июл навишт: “Мард боздошт шуда, айни замон дар ҳабс қарор дорад. Нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба ӯ то 25 соли маҳрумият аз озодӣ таҳидид мекунад”. Манбаъ мегӯяд, ки маълум нест парванда бар асоси кадом модда боз шудааст.
Одинаев гуфтааст, ки волидони духтарча аъзои ҲСДТ буда давоми як сол талош доштанд гумонбари ҷиноят нисбати фарзандашонро ба ҷавобгарӣ кашанд. “Ҷараёни тафтишот зери назорати раҳбарият ҳизб буда, дар сурати зарурат раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров аз манфиатҳои духтари ноболиғ ҳимоя хоҳад кард”, - қайд кард Одинаев.
Зоиров рӯзи 17 июн дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: “Шаҳрванди 42-сола Ҳ.А. соли гузашта дар говхона ба номуси духтари 12-сола таҷовуз кард. Ӯ бо таҳдид ва истифода аз ҳолати нотавонии духтар ин корро чандин маротиба такрор кардааст. Ду моҳ пештар духтар кӯдак таваллуд карда, ҳозир дар Ҳисор болои духтар ва волидони ӯ фишор оварда мешавад, то ки қазия бо роҳи осоишта ва бидуни оқибат ҳал шавад".
Дар ВКД Тоҷикистон дар посух ба изҳороти Раҳматилло Зойиров гуфтаанд, ки “кормандони милитсия далели таҷовуз ба номусро ба қайд гирифта, айни замон прокуратураи шаҳри Ҳисор ба тафтиши ин далел машғул аст”. Ба гуфтаи волидони духтарча, онҳо қариб як сол пеш ба прокуратура ва шуъбаи корҳои дохилӣ ҷиҳати шикоят аз болои ҳамсояашон муроҷиат карда, лекин аризаашонро қабул накардаанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Ҳамлаҳои Русия ба Украина пас аз гуфтушуниди Трамп ва Зеленский

Русия шаби 18 ба 19-уми август бо 270 паҳподу панҷ мушаки дурпарвоз ва панҷ мушаки болдор ба минтақаҳои Украина зарба задааст.
Артиши Украина дар баёнияе гуфт, ки қисми зиёди ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳоро сарнагун карданд, вале баъзе аз онҳо ба ҳадаф бархӯрданд. Аз ҷумла, як мушаки болдори Х-101 ва се мушаки болдори Искандар-М.
Дар вилояти Полтава, бахусус дар шаҳри Кременчук, интиқоли нерӯи барқ қатъ шудааст. Ба гуфтаи раиси маъмурияти низомии маҳаллӣ, Володимир Когут, беш аз якуним ҳазор нафар дар минтақа бе барқ монданд.
Зарбаи густурдаи артиши Русия пас аз гуфтушуниди раҳбарони Амрико, Украина ва баъзе аз кишварҳои аврупоӣ дар Вашингтон сурат гирифт.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, баъд аз мулоқот омодагиро ба суҳбати сеҷонибаи ӯ, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ва Владимир Путин, президенти Русия эълон кард.
Ҷанги Русия дар Украина аз моҳи феврали соли 2022 идома дорад.
Дар Тоҷикистон аз ин пас нархи ангиштро ҳам назорат мекунанд

Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд нархи ангиштро ҳам назорат хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хабар додааст.
Ба қавли манбаъ, ба номгӯи молу маҳсулоти аз лиҳози иҷтимои зарурӣ, ки нархи онҳо бояд аз ҷониби ҳукумат танзим шаванд, ангишт ҳам илова шуд.
Бар асоси ин тартиб, "агар дар давоми як моҳ нархҳо беасос ба андозаи 20 дарсад ва зиёда аз он боло бурда шаванд, Хадамоти зиддиинҳисорӣ сатҳи болоии арзиши молу маҳсулотро, ки дар рӯйхат зикр шудааст, ба давраи мушаххас (2-3 моҳ) муайян мекунад. Вале агар маълум шавад, ки чунин нархгузорӣ комилан асоснок аст, Хадамот ба он дахолат намекунад".
Ба рӯйхати маҳсулотҳое, ки нархашон дар ҳолати зарурӣ аз сӯи ҳукумат танзим мешавад, дар умум 16 номгӯйи мол, аз ҷумла орд, нон, сабзавот, равған, маҳсулоти ширӣ, гӯшт ва ғайра ворид шудааст.
Вале бо вуҷуди онки нархи чанде аз ин маҳсулотҳо дар гузашта якбора боло рафта буд, ҳукумат барои онҳо нархи ягона таъйин накард.
Танҳо дар бозорҳои давлатии Тоҷикистон барои баъзе маҳсулотҳо, аз ҷумла, гӯшт нарх таъйин шудааст, вале ба гуфтаи сокинон, ё риоя намешавад ва ё бо нархи расмӣ танҳо маҳсулоти камсифатро мефурӯшанд.
Эрон 800 ҳазор муҳоҷири дигари афғонро ихроҷ мекунад

Вазири корҳои дохилии Эрон эълон кард, ки то охири соли ҳиҷрӣ-шамсӣ (20 марти соли 2026), 800 ҳазор тани дигар аз муҳоҷирони афғон аз ин кишвар ихроҷ хоҳанд шуд.
Искандар Муъминӣ рӯзи 18 август дар сафари худ ба шаҳри Машҳад гуфт, то кунун 1,2 миллион муҳоҷири афғон аз марзҳои Эрон хориҷ шудааст.
Ӯ афзуд, ки Эрон барномарезӣ кардааст, ки ду миллион муҳоҷири афғон аз ин кишвар ба Афғонистон баргандонида шавад.
Ба гуфтаи Искандар Муъминӣ, беш аз 70 дарсад аз як миллиону 200 ҳазор афғонҳои то кунун аз Эрон рафта, довталабон баргаштанд.
Вазири корҳои дохилии Эрон афзудааст, ки бозгашти онҳо "иззатмандона" анҷом хоҳад шуд ва ин амал, ба маънои "муҳоҷирситезӣ" нест.
Ин дар ҳоле аст, ки Эрон пас аз даргирӣ байни ин кишвар ва Исроил, ихроҷи муҳоҷирони афғонро шиддат бахшидааст.
Вазорати маориф мегӯяд, фурӯши либос дар мактабҳо манъ аст

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо пахши изҳороте гуфт, "дар дохили муассисаи таълимӣ хариду фурӯши либоси мактабӣ қатъиян манъ аст".
Изҳороти вазорат дар ҳоле нашр мешавад, ки шикояти волидайн аз маҷбур карданашон ба харидии либоси мактабӣ аз ҷойи муайян зиёд шудааст.
Дар баёнияи вазорат омадааст, ин ниҳод танҳо либосҳои тавсияшударо ба хонандагон пешниҳод карда, "дар раванди дӯхт, таъмин ва фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш иштирок надорад".
Намояндагони Вазорати маориф гуфтаанд, шаҳрвандон ҳақ доранд аз ҳар ҷойе хоҳанд барои фарзандонашон либоси мактабӣ бихаранд. Эълони вазорат дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзҳои ахир шикояти волидайн аз хариди либоси мактабӣ аз ширкатҳои алоҳида зиёд садо медиҳад.
Аз ҷумла, чанд сокини шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки муаллимон аз онҳо талаб кардаанд, ки барои фарзандонашон фақат аз як ширкати муайян либос харанд.
Дар санадҳое, ки волидайн ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки барои ҳар хонанда бояд аз ширкати "Азиза Чоркӯҳ" либос харида ва санадшро бо мӯҳр ба мактаб пешниҳод кунанд.
Назари намояндагони ин ширкат ва мақомоти шаҳри Исфара маълум нест.
Мавзӯи фурӯши либоси хонандагон дар мактабҳо ва маҷбур кардани волидайн ба хариди либоси муайян чанд сол аст, ки садо медиҳад.
Мақомот дар гузашта гуфтанд, бо ҳадафи рушди саноат тавсия медиҳанд, ки сокинон барои фарзандонашон аз ширкатҳои ватанӣ либос харанд.
Вале мардум борҳо шикоят карданд, ки сифати либосҳои дӯхтаи ширкатҳои Тоҷикистон қонеъкунанда нест.
Раҳмон гуфтугӯи Путин ва Трампро дар Аляска "муҳим" хондааст

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш “аз раванди мусолиматомези ҳалли буҳрони Украина ҷонибдорӣ мекунад”.
Изҳори назари Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми август дар ҷараёни суҳбати телефониаш бо Владимир Путин, президенти Русия, садо додааст.
Ба навиштаи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Раҳмон гуфтугӯи ахири роҳбарони Амрико ва Русияро дар Аляска “барои коҳиши сатҳи ташаннуҷ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ дар арсаи байнулмилалӣ” муҳим хондааст.
Президенти Русия пеш аз гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, бо роҳбарони Беларус, Африқои Ҷанубӣ ва сарварони чанд кишвари дигар занг зада, натиҷаҳои музокиротро дар Аляска бо онҳо дар миён гузоштааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва ҳамтои русаш Владимир Путин 15-уми август дар Аляска вохӯрданд ва дар бораи роҳҳои хатми ҷанг дар Украина гап заданд. Аммо дар ин нишаст тавофуқ дар мавриди Украина ҳосил нашуд.
Зарбаҳои Русия ба гӯшаҳои Украина пеш аз дидори Зеленский ва Трамп

Дар ҳамлаи нерӯҳои Русия ба шаҳри Харкови Украина ҳафт кас кушта, дастикам бист нафар маҷруҳ шудаанд.
Иҳор Терехов, шаҳрдори Харков, рӯзи 18-уми август бо эълони рӯзи мотам гуфт, “дар миёни кушташудагон як духтари якунимсола ва як писари 16-сола ҳастанд.”
Яке аз маҷрӯҳон ҳамагӣ шаш сол доштааст.
Анна, сокини шаҳри Харков, ба бахши украинии Радиои Озодӣ гуфт, “садои таркишро шунидам ва ҳама чиз ба болоям афтод. Тирезаҳо канда шуда, ба болои фарзандам афтоданд."
Ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия ба вилояти Одессаи Украина низ зарба задаанд, аммо дар бораи талафоти ҷонӣ гузорише нест.
Дар ҳамла ба шаҳри Запорожйе дастикам се кас кушта шудаанд.
Дар Русия фазои кориро барои муҳоҷирон тангтар мекунанд

Дар Русия мехоҳанд, фазои кориро барои муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон тангтар кунанд.
Вазорати меҳнати Русия аз мақомоти ин кишвар хостааст, ки дар соли 2026 саҳми коргарони хориҷиро дар нуҳ соҳа, аз ҷумла бинокорӣ поин биоранд. Тибқи пешниҳоди вазорат, саҳми муҳоҷирон дар бинокорӣ ба панҷоҳ дарсад маҳдуд хоҳад шуд. Ин рақам дар соли 2025 то ҳаштод дарсад мерасид.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба Русия рафта, қисми асосии онҳо дар сохтмону бозор кор мекунанд.
Хабаргузории расмии "Интерфакс" рӯзи 15-уми август навишт, ки саҳми муҳоҷирони корӣ дар бахши сабзавоткорӣ, тиҷорати чӯбу тахта ва кор дар хоҷагии ҷангал на бештар аз чил дарсад пешбинӣ шудааст. Қаблан ин рақам то панҷоҳ дарсад буд.
Илова бар ин, пешниҳод шудааст, ки кори муҳоҷирон дар тиҷорати чаканаи шаробу тамоку маҳдуд ва саҳми онҳо дар ин бозор аз 15 дарсад то сифр поин оварда шавад.
Ин маҳдудиятҳо минтақаҳои Амуру Новосибирск, Оренбург, Самара, Твер, Челябинск ва гӯшаҳои дигари Русияро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар вилояти Амур кори муҳоҷирон истеҳсоли маводи хӯрокворӣ ва нӯшобаҳо, таъмири мошину таҷҳизот ва байторӣ пурра маҳдуд шудааст.
Дар ҳоле ки мақомоти Русия пешниҳоди охири худро тибқи қонун ва як роҳи ба танзим даровардани кори хориҷиён медонанд, бархе аз мунтақидон идомаи муҳоҷирситезӣ мепиндоранд. Раванде, ки дар якуним соли гузашта дар Русия авҷ гирифтааст.
Дар ним соли охир дар Русия зиёда аз 30 қонуни наве қабул шуд, ки маҳдудиятҳои зиёдеро барои муҳоҷирони корӣ ҷорӣ намуданд.
Теъдоди кушташудагон дар таркиш дар як корхонаи Русия ба 14 кас расид

Теъдоди кушташудагон дар натиҷаи таркиш дар як корхонаи истеҳсоли борут дар Русия ба 14 нафар расидааст.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия рӯзи 18-уми август гуфт, ки дар маҳалли фалокат амалиёти наҷот ва бартарафсозии оқибатҳои он идома дорад.
Рӯзи 15-уми август дар корхонаи истеҳсоли борут бо номи “Эластик” дар вилояти Рязан таркиш шуд ва аввал гуфта мешуд, ки 11 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Дар умум дар натиҷаи таркиш 149 нафар осеб дидаанд.
Сабаби ҳодиса ба гуфтаи мақомот, зоҳиран, риоя накардани қоидаҳои амниятӣ ҳангоми кор бо моддаҳои хатарноки тарканда будааст.
Кумитаи тафтишоти Русия дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
ТАСС: Яке аз гумонбарони парвандаи "Крокус" дар Тоҷикистон ғоратгарӣ карда буд

Умедҷон Солиев, яке аз гумонбарон дар парвандаи ҳамла ба "Крокус" қаблан дар Тоҷикистон ғоратгарӣ карда ва барои ҳамин дар Русия пинҳон шуда буд. Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС бо такя ба маводҳои парванда хабар додааст.
Дар ҳоле, ки назари наздикони Умедҷон Солиев ба қазия маълум нест, ТАСС навиштааст ин ҷавон ҳанӯз соли 2023 дар Тоҷикистон даст ба ғоратгарӣ зада, баъдан ба Русия фирор кардааст. Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи парванда нисбати Солиев чизе нагуфтаанд.
Умедҷон Солиев ҳамроҳ бо чор нафари дигар охири моҳи марти соли 2024 дар Ҷумҳурии Доғистони Русия боздошт шуданд. Мақомоти Русия ин афродро муттаҳам карданд, ки ба ҳамлагарон ба толори “Крокус” яроқ додаанд. Назари вакили дифои ин афрод ё наздиконаш ба иттиҳом маълум нашуд.
Аз 19 нафаре, ки дар доираи парвандаи ҳамла ба "Крокус" боздошт шудаанд, аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Мурофиаи ин афрод рӯзи 4-уми август дар яке аз додгоҳҳои шаҳри Маскав оғоз шуд. Дар ин миён даъватҳое садо дод, ки намояндагони Тоҷикистон бояд аз шаҳрвандони худ ҳимоят кунанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, намояндагони кишвар дар мурофиаи гумонбарони ҳамла ба "Крокус" ширкат надоранд.
Ба дарё афтидани мошини боркаш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Шоми 17-уми август як мошини боркаш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ба дарё афтид ва ягона масир ба шимоли кишвар қариб ду соат баста шуд. Ҳодиса дар деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ рух додааст.
Ба гуфтаи шоҳидон, ду нафар дар дохили мошини боркаш буданд ва онҳоро то ҳол пайдо накардаанд.
Мақомот ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Дар гузашта ҳам чандин маротиба мошинҳо дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ба ҷарӣ ва дарё афтиданд. Ин масир ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон буда, нигоҳдории он ба зиммаи ширкати IRS аст. Ин ширкат барои кораш аз соҳибони мошинҳо маблағ мегирад. Молики IRS маълум нест.
Аксҳо аз ҷойи ҳодиса:
Ҳамсари Трамп дар номааш ба Путин чӣ навишт?

Телевизиони Fox News номаи Мелания Трамп, ҳамсари раиси ҷумҳури Амрикоро ба Владимир Путин нашр кард. Ин мактубро Доналд Трамп дар Аляска ба Путин дод.
Гузориш шудааст, ки Владимир Путин номаро дар ҳузури ҳайатҳои Русия ва Амрико боз карда хондааст.
Мелания Трамп дар ин нома навиштааст, "дар ҷаҳони муосир баъзе аз кӯдакон маҷбур мешаванд, ки хандаҳои ороми худро дар даруни худ бибанданд - як эътирози хомӯш бар зидди қувваҳое, ки онҳоро аз ояндаашон маҳрум месозад."
"Ҷаноби Путин шумо танҳо метавонед дар танҳоӣ ин хандаи онҳоро баргардонед. Бо ҳифзи ин кӯдакон шумо на танҳо ба Русия, балки ба башарият хидмате хоҳед кард. Чунин чизе фаротар аз тамоми тавофуқҳои инсонӣ аст ва шумо ҷаноби Путин метавонед имрӯз бо як ҳаракати қалам онро ба воқеият табдил диҳед. Замони он фаро расидааст," – навиштааст бонуи аввали Амрико.
Исроил сокинони Ғаззаро ба ҷануби ин борика мекӯчонад

Исроил ба фаластиниёни сокини Ғазза дастур додааст, ки ба ҷануби ин борика кӯч банданд. Ин тасмим рӯзи шанбеи 16-уми август ва пас он эълон шуд, ки Исроил аз густариши амалиёти низомӣ дар Ғазза хабар дод.
Ба гузориши артиши Исроил, кӯчондани хаймаҳои сокинон ба ҷануби Ғазза аз рӯзи якшанбеи 17-уми август оғоз мешавад.
Ҷузъиёти бештаре аз ин тарҳ ва амалиёти Исроил мушаххас нест. Исроил Катс, вазири дифои Исроил гуфт, кишвараш "дар ҳоли ниҳоӣ кардани тарҳи шикасти "Ҳамос" дар Ғазза аст."
"Ҳамос", ки аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ба унвони гуруҳи террористӣ шинохта мешавад, наздик ба ду сол аст, ки дар Ғазза бо артиши Исроил даргир аст. Бо вуҷуди мухолифати Созмони милал ва бисёр кишварҳо ба густариши амалиёти Исроил ҳукумати ин кишвар тарҳи тасарруфи пурраи Навори Ғаззаро тасвиб кардааст.
Дар Тоҷикистон барои рафтан ба назди фолбин ҷазо таъйин мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон ба порлумон пешниҳод кардааст, ки барои рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо ва истифода аз кори онҳо ҷазо таъйин карда шавад. Радиои Озодӣ 17-уми август бо муҳтавои пешниҳоди ҳукумат шинос шуд.
Бар асоси ин санад, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон банди нав бо номи "истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин" илова карда мешавад.
Дар сурати қабул шудани ин тағйирот аз сӯи порлумон, онҳое, ки ба наздик сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин мераванд аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол 75 сомонӣ таъйин шудааст ва ҳар сол метавонад тағйир ёбад.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта хабар дода буд, ки мизоҷони фолбинҳо ба шуъбаҳои ВКД даъват шуда, номашон дар махзанҳои алоҳида бо расмҳояшон гузошта мешавад.
Соли 2024 дар Тоҷикистон барои фолбинӣ ва соҳирӣ ҷазо таъйин шуда буд. Бино ба тағйирот ба моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.
Ҳамчунин, дар сурати такроран содир кардани ин кирдорҳо давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, нисбат ба фолбинҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Онҳоро ҷарима ба андозаи аз ҳазору 500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон давоми як соли ахир маъракаи мубориза бо фолбинон ва ҷодугаронро оғоз кардаанд. Вале пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандони онҳо ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.
Тибқи иттилои ахири Вазорати корҳои дохилӣ, дар нимаи аввали соли равон "495 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ" сабт шудааст. Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯяд, имсол танҳо дар пойтахти кишвар 90 кас барои фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҷазо гирифтанд.
Трамп ба Украина кафолати амниятӣ пешниҳод мекунад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Украина пешниҳод кардааст, ки дар сурати созиши сулҳ бо Русия аз рӯи банди 5-и асоснономаи НАТО ба Киев кафолати амниятӣ дода мешавад. Бар асоси ин банди асоснома, дар сурати ҳамла ба Украина кишварҳои кафолатдиҳанда ба таҷовузгар бояд посухи низомӣ диҳанд.
Хабари пешниҳоди кафолати амниятӣ ба Украинаро нашрияи The Telegraph ва чанд расонаи амрикоӣ нашр карданд. Ин маълумотро Ҷорҷ Мелонӣ, нахуствазири Италия ҳам баъди суҳбат бо Доналд Трамп тасдиқ кард.
Ба гузориши The Telegraph, Украина чунин кафолати амниятиро на танҳо аз Амрико, балки аз кишварҳои аврупоӣ низ дарёфт хоҳад кард. Гуфта мешавад Маскав ба ин пешниҳод зид нест.
Маҷаллаи Foreign Affairs ҳам гузориш додааст, ки соли 2022 ҳайатҳои Русия ва Украина масъалаи додани кафолати амниятӣ ба Киевро баррасӣ карда буданд. Бар асоси пешнависи тавофуқ, ба рӯйхати кишварҳои кафолатдиҳанда бояд Амрико, Русия, Британияи Кабир, Фаронса ва Чин шомил мешуданд. Украина хост Туркия ба ин рӯйхат илова шавад, аммо Маскав кишвари Белорусро пешниҳод кард,
Киев мегӯяд, Русия бо 85 паҳбод ба Украина ҳамла кардааст

Нерӯҳои ҳавоии Украина рӯзи 16 август эълон карданд, ки Русия 85 паҳбод ва як мушаки баллистикиро ба тарафи ин кишвар партоб кардааст.
Нерӯҳои ҳавоии Украина дар "Телеграм"-и худ эълон кард, ки хати пеши ҷанг дар минтақаҳои Суми, Донетск, Чернигов ва Днепропетровск дар ҳамлаҳои шабонаи ҳадаф қарор гирифтанд.
Манбаъ афзуд, ки системаи зиддиҳавоии Украина 61 паҳбодро раҳгирӣ ва аз байн бурданд.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар гузориши рӯзонаи субҳгоҳии худ эълон кард, ки рӯзи ҷумъа дар хати пеши ҷанг 139 даргирӣ рух додааст.