Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, Амрико барои таъмини амният ба Украина ёрӣ мекунад


Доналд Трамп (рост) ва Владимир Зеленский (чап). Кохи Сафед, 18-уми августи 2025
Доналд Трамп (рост) ва Владимир Зеленский (чап). Кохи Сафед, 18-уми августи 2025

Раисҷумҳури Амрико гуфт, Вашингтон дар таъмини амнияти Украина, ки бештар аз се сол боз зери ҳуҷуми беасоси Русия қарор дорад, саҳм хоҳад гирифт.

Доналд Трамп ин суханро рӯзи 18-уми август дар суҳбати муҳим ва бесобиқа бо ҳамтои украинияш Владимир Зеленский дар Кохи Сафед баён дошт. Ҷое, ки раҳбарони Бритониё, Иттиҳоди Аврупо ва дабири кулли НАТО низ барои баҳси поён додани ҷангидар Украина ҷамъ шудаанд.

Нишасти Доналд Трамп бо Владимир Зеленский, раҳбарони Бритониё, баъзе аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва дабири кулли НАТО
Нишасти Доналд Трамп бо Владимир Зеленский, раҳбарони Бритониё, баъзе аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва дабири кулли НАТО

Трамп гуфт, “вақте гап дар бораи амният меравад, ёрии зиёде хоҳад буд... Аврупо дар хати аввали дифоъ аст, вале мо низ ба онҳо кумак мекунем, мо низ дар он саҳм мегирем."

Ин боздиди нахустини Владимир Зеленский пас аз бигӯмагӯҳои ӯ бо Доналд Трамп дар моҳи феврал аст. Албатта, вазъият дар муқоиса ба ним сол пеш фарқ дорад, чун ду раҳбар бо ҳамдигар лабханд зада, шӯхӣ мекарданд.

Зеленский нахуст барои "кӯшиши боздоштани кушторҳо" аз Трамп сипосгузорӣ кард. Ӯ дар айни замон гуфт, бар асари ҳамлаҳои Русия ба шаҳри Харкови Украина рӯзи 18-уми август як тифли якунимсола кушта шудааст.

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо Владимир Зеленский “бисёр мавзуъҳо”-ро баррасӣ кард ва гуфтушунид то кунун муваффақ будааст. Трамп дар оғози мулоқот бо ҳафт раҳбари Аврупо ва Зеленский гуфт, талош хоҳад кард, бо раҳбарони Украина ва Русия мулоқоти сеҷониба ташкил кунад.

Вай афзуд, созиши сулҳ барои ҷанг дар Украина имконпазир аст ва президенти Русия Владимир Путин розӣ шудааст, ки Маскав кафолати амниятии Украинаро бипазирад.

Владимир Зеленский низ ба музокирот бо Трамп баҳои хуб дод ва гуфт, ки онҳо замонатҳои амниятиро баррасӣ кардаанд. "Мо бо президент Трамп суҳбати бисёр хуб доштем ва ин воқеан суҳбати беҳтарин буд," – афзуд ӯ.

Пештар аз ин, дар рӯзи 15-уми август, Доналд Трамп бо президенти Русия Владимир Путин дар Аляска вохӯрд ва баъдан изҳор дошт, ки дар тавофуқ бар сари шароити сулҳ “пешрафти бузурге” ба даст омадааст.

Расонаҳои ғарбӣ гузориш доданд, ки Путин тарҳи сулҳеро матраҳ кардааст, ки шомили ақибнишинии Украина аз қаламрави Донбас мешавад. Ин мавзуъ сабаби нигаронии Киев ва кишварҳои аврупоӣ гашт.

XS
SM
MD
LG