Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон барои рафтан ба назди фолбин ҷазо таъйин мешавад


Як зане, ки ба фолбинӣ муттаҳам шуда буд
Як зане, ки ба фолбинӣ муттаҳам шуда буд

Ҳукумати Тоҷикистон ба порлумон пешниҳод кардааст, ки барои рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо ва истифода аз кори онҳо ҷазо таъйин карда шавад. Радиои Озодӣ 17-уми август бо муҳтавои пешниҳоди ҳукумат шинос шуд.

Бар асоси ин санад, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон банди нав бо номи "истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин" илова карда мешавад.

Дар сурати қабул шудани ин тағйирот аз сӯи порлумон, онҳое, ки ба наздик сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин мераванд аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол 75 сомонӣ таъйин шудааст ва ҳар сол метавонад тағйир ёбад.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта хабар дода буд, ки мизоҷони фолбинҳо ба шуъбаҳои ВКД даъват шуда, номашон дар махзанҳои алоҳида бо расмҳояшон гузошта мешавад.

Соли 2024 дар Тоҷикистон барои фолбинӣ ва соҳирӣ ҷазо таъйин шуда буд. Бино ба тағйирот ба моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.

Ҳамчунин, дар сурати такроран содир кардани ин кирдорҳо давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, нисбат ба фолбинҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Онҳоро ҷарима ба андозаи аз ҳазору 500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон давоми як соли ахир маъракаи мубориза бо фолбинон ва ҷодугаронро оғоз кардаанд. Вале пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандони онҳо ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.

Тибқи иттилои ахири Вазорати корҳои дохилӣ, дар нимаи аввали соли равон "495 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ" сабт шудааст. Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯяд, имсол танҳо дар пойтахти кишвар 90 кас барои фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҷазо гирифтанд.

XS
SM
MD
LG