Намояндагони идораи гумрук дар вилояти Суғд сарусадо дар бораи боздошту ҷарима шудани даҳҳо нақлиёти гаронарзишро шарҳ доданд. Аз он пеш бисёре аз корбарони Радиои Озодӣ аз ҳабси худравҳояшон дар таваққуфгоҳҳои ҷаримавӣ шикоят доштанд. Масъулони ниҳодҳои интизомӣ мегӯянд, ки бархе аз шаҳрвандон бо сохтакорӣ мошинҳоро ба Тоҷикистон ворид карда ба нафарони дигар фурӯхтаанд.
Намояндагони идораи гумрук дар вилояти Суғд аввали моҳи август дар нишасти хабарӣ боздошту ба ҷаримагоҳи давлатӣ бурдани даҳҳо мошини гаронарзишро тасдиқ карданд, аммо оморе надоданд.
Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати гумрук дар вилояти Суғд ба хабарнигорон гуфт, ин мошинҳо аз роҳи сохтакорӣ ҳуҷҷатгузорӣ шудаанд.
"Ба сарҳад рафта, аз марз берун рақамҳоро бурда часпонда ба Тоҷикистон даровардаанд. Ҳаминҳоро Оҷонсии зидди фасод ошкор кард, ҳамон нафароне, ки ба ин кор даст доштанд, маблағи мошинҳоро супориданд. Мо пешгирӣ кардаем."
Тибқи омори пешниҳодкардаи Маҳмадиев, соли гузашта қариб 55 мошинеро ошкор кардаанд, ки ғайриқонунӣ ҳуҷҷатгузорӣ шуда буд.
Эраҷ Давлатов, корманди идораи гумрук дар вилояти Суғд илова кард, "дар ҳақиқат дар бораи сохтакории ҳуҷҷатҳои техникии воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди натанҳо вилоят балки ҷумҳурӣ зиёд шуда буд."
Назари худи тоҷирон ва айбдоршавандаҳо ба ин қазия маълум нест. Ҳамчунин аз ниҳодҳои дигари дахлдор дар ин бора маълумоте нашр нашудааст.
"Овардани мошинҳои куҳна қатъ нашудааст"
Дар нишасти хабарии Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд ҳамчунин гуфтанд, дар нимаи аввали соли 2025 чандин мавриди бо роҳи тақаллубӣ ворид кардани нақлиётҳои кӯҳнаро ошкор кардаанд. Масъулони ин идора мегӯянд, ки баъзе аз тоҷирон бо ҳуҷҷатҳои сохта талош кардаанд мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013-ро ба кишвар оранд.
Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2023 овардани мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013-ро манъ карда буд. Бисёре аз тоҷирон он вақт иддао доштанд, ки қарор ногаҳонӣ буд ва тиҷораташонро дар нимароҳ гузошт.
Ба гуфтаи Эраҷ Давлатов, намояндаи идораи гумруки вилояти Суғд гуфт, дар ним сол ҳафт мавриди интиқоли ғайриқонуни нақлиётро ошкор кардаанд.
"Нисбати панҷ адади он парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида ва нисбати ду ҳолат парвандаи маъмурӣ кушода шудааст. Парвандаи панҷ ҳолати аввал ба додситонӣ ва нисбати ду ҳолати дигар ба додгоҳ фиристода шудаанд”, - гуфт Давлатов.
Видеоро инҷо бинед:
Тоҷикистон корхонаи мошинбарорӣ надорад ва асосан худравҳои гуногунтамғаро аз Аврупову Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ ворид мекунад.
Ба маълумоти расмӣ дар шаш моҳи имсол ба ҳудуди вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор мошин оварда шудааст, ки назар ба соли гузашта як баробар зиёд будааст.