Трамп: "Аврупо дар хати аввал аст, вале мо ҳам кумак мекунем"

Доналд Трамп (чап) ва Владимир Зеленский (рост). Кохи Сафед, 18-уми августи 2025

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи душанбе дар Кохи Сафед бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ва раҳбарони чанде аз кишварҳои аврупоӣ дар бораи роҳҳои поён додани ҷанги Русия дар Украина гуфтугӯ кард. Трамп гуфт, ки Амрико дар пешниҳоди замонати амниятӣ ба Украина ба Аврупо ёрӣ мекунад.

"Дар масъалаи амният мо кумаки зиёд мекунем. Бисёр хуб мешавад. Аврупо дар ҷабҳаи аввал аст, вале мо ҳам кумак мекунем. Мо ҳам саҳм мегирем," – гуфт Трамп.

Ӯ дар айни замон ба хабарнигорон гуфт, ба бовари вай барои расидан ба созиши сулҳ зарурате ба оташбас нест. Шарти мазкур аз раисҷумҳури Русия Владимир Путин аст, ки Зеленский ва раҳбарони аврупоӣ қабул надоштанд.

Ҳангоми дидор Доналд Трамп ҳамчунин гуфт, интизор дорад, ки баъд аз ризоияти Владимир Путин ба мулоқоти сеҷониба бо ӯ ва Зеленский, Русия 1000 асири украиниро раҳо мекунад.

Доналд Трамп афзуд: “Ман медонам, ки онҷо бештар аз 1000 асир аст ва медонам, ки онҳоро озод хоҳанд кард. Шояд зудтар ва фавран раҳо кунанд, ки ба назари ман бисёр хуб мешавад."

Раҳбарони Бритониё, Олмон, Фаронса, Итолиё, Финландия ва НАТО ба Вашингтон рафта буданд, то ҳамраъйии худро бо Зеленский нишон бидиҳанд, ки мехоҳад, замонати амниятии қавиеро барои Украина ба даст биёрад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эътирофи Қрим, ақибнишинӣ аз Донбас... Шартҳои Путин барои поёни ҷанг дар Украина

Тақрибан 6 моҳ пеш аз дидори рӯзи 18-уми август, мулоқоти Трампу Зеленский дар мазҳари ом ба ҷанҷоли ошкор печид. Раисҷумҳури Амрико ва ҳам муовинаш Ҷеймс Дейвид Ванс Зеленскийро ба беэҳтиромӣ ва носипосӣ ба Амрико муттаҳам карданд.

Ин дафъа Зеленский гуфтугӯи як ба якро бо Трамп “бисёр хуб” хонд ва гуфт, ки онҳо дар бораи аҳамияти замонати амниятии Амрико барои Украина гап заданд: "Бисёр муҳим аст, ки Амрико чунин аломати қавӣ нишон медиҳад ва барои замонатҳои амниятӣ омода аст."

Путин ҳанӯз ба дидори Трамп ва Зеленский вокунише нишон надодааст, ҳарчанд Трамп ба такрор гуфтааст, ки ба эътиқоди вай раисҷумҳури Русия мехоҳад, ҷангро поён диҳад. Трамп гуфт, ки рӯзи душанбе бо Путин гуфтугӯ кард ва баъд аз мулоқот низ ба ӯ занг мезанад.

Дар ҷанге, ки Русия моҳи феврали соли 2022 ба зидди Украина оғоз кард, ба гуфтаи таҳлилгарон, то кунун 1 миллион нафар аз ҳарду тараф, аз ҷумла ҳазорон нафар аз ғайринизомиёни украинӣ кушта шудаанд. Бахшҳои васеъе аз кишвар низ ба харобазор табдил ёфтаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Трамп: "Аврупо дар хати аввал аст, вале мо ҳам ёрӣ мекунем"