Президенти Русия Владимир Путин дар дидори ахираш бо Доналд Трамп талаб кардааст, ки нимҷазираи Қрим қаламрави Русия эътироф шавад. Хабаргузории “Ройтерс” менависад, ки ин яке аз шартҳои Путин барои поёни ҷанг дар Украина аст.
Намояндагони идораи гумрук дар вилояти Суғд сарусадо дар бораи боздошту ҷарима шудани даҳҳо нақлиёти гаронарзишро шарҳ доданд. Аз он пеш бисёре аз корбарони Радиои Озодӣ аз ҳабси худравҳояшон дар таваққуфгоҳҳои ҷаримавӣ шикоят доштанд.
Мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро, ки дар хориҷ фаъоланд ва ҳадафи расидан ба қудратро доранд, дар дохили кишвар ҷузъе аз низоми сиёсӣ намедонанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва ҳамтои русаш Владимир Путин озими аёлати Аляска шудаанд, то бо ҳамдигар дидору гуфтугӯ кунанд. Ҳадафи мулоқоти онҳо поён додан ба ҷанги 42-моҳа аст, ки Русия тақрибан чаҳор сол пеш дар Украина оғоз кард.
Русия сарбозони зархариди хориҷиро пас аз хатми муҳлати созишнома ҳам ба хона ҷавоб намедиҳад. Ба навиштаи муаллифони гузориши лоиҳаи украинии "Зистан мехоҳам", ҳоло дар воҳидҳои ҳарбии артиши Русия, ки дар Украина меҷанганд, тахминан се ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бе шартнома ифои вазифа мекунанд.
Як донишманди тоҷик гуфтааст, ки муҳоҷирати кории зиёди ҷавонон метавонад сабаби пиршавии аҳолӣ дар Тоҷикистон шавад, ки ҳоло ҷавонтарин аҳолиро дар минтақа дорад. Фирдавс Ҳаитов, устоди Донишгоҳи миллӣ, дар таҳлиле навиштааст, “муҳоҷират метавонад, сатҳи ҷавонии аҳолиро паст кунад.”
Додситонии минтақаи Кӯлоб дар ним сол наздик ба 300 қарори раисони шаҳру ноҳияро дар бораи тақсими замин бекор кардааст, чун ҳамаи онҳоро “нодуруст” меҳисобад. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 71 маврид бештар аст.
Дар шаҳраки Исломқалъа дар Ҳироти Афғонистон паноҳҷӯёну муҳоҷирони сарсону саргардон дар ҳавои тафсон мондаанд. Бахше аз 1 миллиону 200 ҳазор афғонистонӣ, ки фақат дар соли 2025 аз Эрону Покистон ба кишварашон ронда шудаанд. Ба ватане, ки барои бисёре аз онҳо дигар шинохтанӣ нест.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар 25 соли ҳукуматдорияш бо панҷ президенти Амрико – Билл Клинтон, Ҷорҷ Буш, Барак Обама, Доналд Трамп ва Ҷо Байден – дар умум 48 дафъа мулоқот кардааст. Интизор меравад, рӯзи 15-уми август дидори гуфтугӯи ӯ бо Доналд Трамп дар Аляска гузарад.
Додситони вилояти Суғд дар охири ҳафтаи гузашта ба рӯзноманигорон гуфт, ки бо гузашти якуним моҳ аз марги ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов рози ҷиноят ҳанӯз маълум нашудааст.
Ёфтҳои бештар